Санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода бо иштироки кормандони масъули Шӯро ва раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Аз 1 то 5 декабри соли ҷорӣ машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дирўз бо иштироки кормандони шӯъбаҳои кадрҳои ташкилоту муассисаҳои соҳаи саноат, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фарҳанг машғулиятҳои курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, такмил додани дониш ва маҳорати касбии кормандон ва масъулони ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисасаҳо аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.
ИШТИРОКИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ШАРИФУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо алалхусус дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ намудани меҳнати пешқадамони соҳаҳои гуногуни иқтисодотиёт ва иҷтимоиёти кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯёни муассиса ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар факултаи филологияии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ ба ифтихори "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
ТАБРИКОТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ ХОНАИ БАЧАГОНАИ №1-УМИ ШАҲРИ ИСФАРА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷавонони иттифоқҳои касабаи вилоят бо мақсади тарғиби дастовардҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси ватандорӣ аксияи иттилоотӣ-таблиғотӣ таҳти унвони "КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ" бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии масъулони ҳифзи меҳнат машғулияти навбатии омӯзишии онлайнӣ баргузор гардид.
Дирӯз дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба баргузор гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English


