ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯёни муассиса ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш сарвари Маркази таълимӣ ва бозомӯзии вилоят Саидов Саидумрон ва намояндагони Коллеҷи омӯзгорӣ бо суханрониҳои худ баромад карданд.
Дар оғоз Саидов Саидумрон сухани ифтитоҳӣ намуда, табрикоти Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.
Дар ҷараёни ҳамоиш идомаи аксияи иттилоотӣ-тарғиботӣ таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мо” сурат гирифта, ба иштирокдорон маводҳои иттилоотию тарғиботӣ тақдим гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

