Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 10 окт. 2026
16.6°C

Худжанд

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ-МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!»

Бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, аксияи иттилоотию маърифатӣ таҳти унвони «МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!» баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба  Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон субҳи имрӯз дар назди бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Cубҳи имрӯз дар асоси нақши кории Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мизи мудаввар ба муносибати 28-апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо кормандон ва мутахассисони ҳифзи меҳнати соҳаи маориф баргузор гардид.

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

 Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳор менамояд, ки  ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз масъалаҳои  муҳим ва самти асосӣ дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ маҳсуб меёбад.

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН–2026” БАРГУЗОР ГАРДИД

 Cанаи 24 апрели соли 2026, дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти роҳбарии раиси ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б., ҷаласаи ситоди вилоятии «Тобистон–2026» баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

Санаи 24 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ ВА МЕҲНАТӢ ДАР ШУРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Маркази рушди касбияти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ таъсис дода шуд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРО

Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯро баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «НУРИ ЧАШМОН – МОДАРАМ!»

 

Дар доираи ҳамкориҳои судманд байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи зан» чорабинии ҷамъбастии озмуни фарҳангиву иҷтимоӣ таҳти унвони «Нури чашмон – модарам!»  баргузор гардид.

АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОН

АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ САНАТОРИИ   

№40-и ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР ВА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ МУБОРАК!

Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд кулли сокинон ва аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро бо фарорасии баҳори оламафрӯз ва ҷашни мубораки Наврӯзи хуҷаста шодбош гуфта, таманнои онро дорад, ки хушиҳои рӯзгор, иқболи баланду саодати зиндагӣ, комрониву сафо, хушрӯзиву нусрату шодмонӣ ҳамрадифи рӯзгори Шумо бошад.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲА БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР ВА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ