КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАРИҚИ ОНЛАЙН БАЙНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии масъулони ҳифзи меҳнат машғулияти навбатии омӯзишии онлайнӣ баргузор гардид.
Машғулияти имрӯза дар мавзӯи: «Татбиқи низоми идоракунии хатарҳои касбӣ дар ҷойҳои кории коргарон бо назардошти арзёбии шароити кори онҳо дар кишварҳои ИДМ. Мавқеи иттифоқҳои касаба» доир гардид. Дар конференсия зиёда аз 15 нафар масъулони иттифоқҳои касабаи вилоят дар соҳаи ҳифзи меҳнат иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ, мубодилаи таҷрибаи муосир ва тақвияти нақши иттифоқҳои касаба дар самти ҳифзи меҳнат мебошад. Ин гуна силсила машғулиятҳои омӯзишӣ минбаъд низ идома дорад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

