МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Аз 1 то 5 декабри соли ҷорӣ машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ин давра ба омӯзиш масъулони ҳифзи меҳнат аз корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба тибқи барномаи таълимӣ оид ба мавзӯъҳои амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили бехатарии меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, таъмини иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут маърӯза намуданд.
Машғулиятҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ анҷом ёфта, пас аз гузаронидани санҷиш ба иштирокчиён Шаҳодатнома супорида мешавад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

