МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМЎЗИШӢ БО КОРМАНДОНИ ШӮЪБАҲОИ КАДР ОҒОЗ ГАРДИД
Дирўз бо иштироки кормандони шӯъбаҳои кадрҳои ташкилоту муассисаҳои соҳаи саноат, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фарҳанг машғулиятҳои курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Ҳадафи баргузории машғулиятҳо ин баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, маҳорати касбӣ ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани ҳуҷҷатгузории кадрӣ дар ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Тибқи барномаи таълимӣ дар машғулиятҳо вобаста ба мавзўҳои зерин:
– таҳияи ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ ва таъмини гардиши онҳо;
– сари вақт ба расмият даровардани ба кор қабул кардан, аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани кормандони корхонаҳо, пешбурду нигоҳдории парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии онҳо мутобиқи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– якҷоя бо шуъбаи молия таҳия намудани ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ (дар мувофиқа бо Кумитаи иттифоқи касабаи корхона) ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматии кормандон;
– бақайдгирӣ ва барасмиятдарории варақаҳои корношоямии кормандон якҷоя бо Кумитаи иттифоқи касабаи корхона ва масъалаҳои дигар мавриди омўзиш қарор дода мешавад.
Машғулиятҳо тибқи барномаи тасдиқгардидаи таълимӣ идома ёфта, дар онҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаи Иттифоқҳои касаба ва донишгоҳҳои олии вилоят дарс мегузаронанд.
Пас аз анҷоми барномаи таълимӣ ва супоридани машғулиятҳои санҷишӣ ба иштирокчиён Шаҳодатнома супорида мешавад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

