Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Панҷшанбе, 22 янв. 2026
МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ОҒОЗ ГАРДИД.

МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ОҒОЗ ГАРДИД.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, такмил додани дониш ва маҳорати касбии кормандон ва масъулони ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисасаҳо аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ин самт Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолияти густурда дорад. 

Санаи 26 ноябри соли равон машғулиятҳои навбатии курси такмили ихтисос бо масъулони ҳифзи меҳнати соҳаҳои саноат, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ ва сохтмон оғоз гардид.  

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон машғулияти аввалинро оғоз намуда, оиди ҳадафҳои Оинномавии Иттифоқҳои касаба, рисолати иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии аъзои иттифоқҳои касаба, ваколатҳои иттифоқҳои касаба оиди амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти тадбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва дигарҳо суханронӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳо аз рӯи барномаи таълимии тасдиқгардида идома ёфта, дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи Иттифоқҳои касаба ва донишгоҳҳои олии вилоят бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ дарс мегӯянд.

Баъди ба итмом расидани барномаи таълимӣ ва гузаштан аз машғулиятҳои санҷишӣ ба шунавандагон Шаҳодатнома супорида мешавад.