Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
Шӯро чӣ гуна кор мекунад?
Шарикии
иҷтимоӣ
Бехатарии
ҳифзи меҳнат
Ҳамкории
байналмилалӣ
Шӯро дар рақамҳо
Хабарҳои навин
Меҳнати шоиста барои ҳама: чӣ гуна ТБМ рӯзномаи ҷаҳонро тағир медиҳад
АКСИЯИ ИТТИЛООТИИ "16- РӮЗИ ФАЪОЛИЯТ АЛАЙҲИ ХУШУНАТИ ГЕНДЕРӢ"
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд муроҷиати шахсони воқеи ва ҳуқуқии шаҳрвандонро воқеъбинона, беғаразона ва холисона таъмин менамояд ва масъалаҳои гузошташуда сари вақт ҳалли худро меёбанд.
Вилояти Суғд
Вилояти Суғд – минтақаи маъмурӣ дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хисоб рафта, таърихи қадима ва мавқеъи ҷуғрофии ба худ хос дорад. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад, ки он таърихи зиёда 2500 соларо дорад. Аҳолии вилоят – 2 902 000 нафарро ташкил медиҳад (1 сентябри 2023).
Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Вилояти Суғд аз ҷиҳати масоҳат дар Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз 8 шаҳр, 14 ноҳия ва 23 шаҳрак иборат аст. Вилояти мазкур минтақаи аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта буда, истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга ва нодир, истихроҷи тилло, ангишт, нафт, газ, мармар, гранит, гаҷ, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, тиҷорат ва кишоварзӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.