МУКОФОТ МУБОРАК!
Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо алалхусус дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ намудани меҳнати пешқадамони соҳаҳои гуногуни иқтисодотиёт ва иҷтимоиёти кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.
Зеро ингуна шахсон дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ободии диёр саҳми босазо гузоштаанд. Ин гуна инсонҳо бо хидматҳои шоиста, хоксориву фурӯтанӣ, меҳрубониву ҳалимӣ дар ҷомеа обрӯву эътибори баланд пайдо намуда, зиндагии онҳо барои насли имрӯзу фардо, бахусус ҷавонон, сармашқи ибрат мебошад. Имрӯз дар ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ таҳти унвони "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ СУБОТ ВА ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ" дар шаҳри Бӯстон як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун, ки бо хизматҳои содиқона ва фаъолияти намунавӣ баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд, бо мукофотҳо ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон — раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Самизода Мусобек Самӣ - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо медали «30 - солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон» сарфароз шуданд. Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо камоли эҳтиром Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ва Самизода Мусобек Самиро бо ин дастоварди бузург табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ, шодкомӣ, некномӣ, пирӯзиҳои нав ва рӯзгори ободро таманно менамояд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

