ТАЪРИХИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ВИЛОЯТ
Таърихи иттифоқҳои касаба аз саҳифаҳои таърихи халқу миллат сарчашма мегирад.
Иттифоқҳои касабаи вилоят марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад.
Солҳои 1917-1925 аввалин ташкилотҳои иттифоқҳои касаба асосан дар водии Фарғона- шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Душанбе, Ҳисор ва Ӯротеппа таъсис дода мешаванд.
Аввалин ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар шаҳри Хуҷанд ин комитети коргарон ва хизматчиёни роҳи оҳани саристгоҳи Хуҷанд буд, ки дар моҳи марти соли 1917 ташкил ёфта буд. Соли 1917 ҳамаи комитетҳои фабрикаю заводҳои Тоҷикистони шимолӣ ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳаи маъданҳои куҳӣ табдил дода шуда, ба иттифоқи ягонаи куҳкорон муттаҳид шуда буданд.
Ташкил ёфтани Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар охири соли 1924 ва дар моҳи апрели соли 1926 барпо гаштани анҷумани якуми умумитоҷикии иттифоқҳои касаба марҳилаи муҳимтарини таърихи ҳаракати иттифоқҳои касабавӣ дар Тоҷикистон буд.
Бо ташкилёбии округи Хуҷанд дар анҷумани якуми байнииттифоқии иттифоқҳои касаба, ки 5-6 майи соли 1927 барпо гашт, бюрои округи иттифоқҳои касабаи округи Хуҷанд ташкил гардид, ки он 15 иттифоқҳоро бо 6115 аъзоён муттаҳид мекард.
Баҳори соли 1929 округи Хуҷанд ба ҳайати Ҷумҳурии автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дохил карда шуд, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи Хуҷанд 20 иттифоқҳои касабаи соҳавиро бо 17044 аъзоёнаш муттаҳид мекард. Дар он Иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён, бофандагон ва куҳкорон ташкилотҳои калонтарин ба ҳисоб мерафт.
Санаи 27 октябри соли 1939 вилояти Ленинобод ташкил шуд.
Соли 1948 бо қарори Пленуми ХIХ ВССПС кумитаҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ва мақомотҳои байниитиифоқии ноҳиявии иттифоқҳои касаба ташкил ёфтанд.
Дар конференсияи якумини байнииттифоқии иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод , ки санаи 28-29 августи соли 1950 барпо гашт дар бораи ташкил намудани Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят қарор қабул карда шуд. Дар он давра Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят 50000 аъзоёнро муттаҳид мекард.
Дар Пленуми якуми ташкилии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аз 29 августи соли 1950 зодаи шаҳри Хуҷанд Отаев Аҳмадҷон аввалин раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод интихоб гардиданд.
Аз 21 майи соли 1958 то 24 июни соли 1959 Отабоев Маҳмуд дар вазифаи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ленинобод кор кардааст.
Баъди барҳам хӯрдани вилояти Ленинобод моҳи майи соли 1959 бо қарори раёсати ВССПС ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриявии Тоҷикистон Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод барҳам дода шуд ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо бевосита ба тобеъияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриявии Тоҷикистон гузаштанд.
Соли 1971 вилояти Ленинобод аз нав ташкил шуд ва ба ин муносибат зарурияти ташкили Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод ба амал омад.
Дар асоси қарори раёсати ВССПС аз 22 январи соли 1971 (протоколи №1 банди 11) таклифи Шӯрои иттифоқҳои Тоҷикистон оиди ташкили Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод қабул карда шуд.
22 майи соли 1971 бо қарори Конференсияи V вилоятии байнииттифоқӣ аз нав Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод ташкил гардид. Аҳмадов Нӯъмон Бурҳонович раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод интихоб гардид, ки ӯ то 10 ноябри соли 1983 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
Шумораи аъзоёни иттифоқҳои касаба дар соли 1971 194540 нафарро ташкил медод.
Дар асоси қарори Пленуми VIII Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод (Суғд) аз 10 ноябри соли 1983, таҳти №8 Почоев Муҳиддин Абдуқудусович ба ҳайси раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод интихоб гардида то 8 феврали соли 1991 дар ин вазифа ва то 3 декабри соли 1992 раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод буд.
Аз санаи 3 декабри соли 1992 то моҳи майи соли 2015 Зокиров Саидбой вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоятро ба ӯҳда дошт.
Санаи 14 майи соли 2015 дар асоси қарори конференсияи 18 байнииттифоқии иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд табдил гашт ва ба ҳайси раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ғафуров Тоҳир Шарифович интихоб шуда то моҳи сентябри соли 2017 фаъолият намуд.
Моҳи сентябри соли 2017 дар Пленуми ғайринавбатии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд интихоб шуд.
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 13 кумитаҳои соҳавиро дар бар мегирад. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касба 2666 адад буда , шумораи аъзоёни он 231655 нафарро ташкил медиҳад.