Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 8 ноя. 2025
АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ  «КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ»

АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ»

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷавонони иттифоқҳои касабаи вилоят бо мақсади тарғиби дастовардҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси ватандорӣ аксияи иттилоотӣ-таблиғотӣ таҳти унвони "КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ" бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар рафти аксия масъулин бо шаҳрвандон мулоқот намуда, ворақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, дар бораи аҳамияти таърихии Конститутсия ҳамчун санади олии давлатдорӣ маълумот доданд.

Дар доираи аксияи мазкур ба сокинони вилоят, ҷавонон ва ҷонибдорони Иттифоқҳои касабаи вилоят маводҳои иттилоотӣ тақдим карда шуда, зимни сӯҳбат ва тақдими варақаҳои таблиғотӣ масъулони тарғиботӣ дар бораи аҳамияти таърихии Конститутсия ҳамчун санади олии давлатдорӣ маълумот доданд.

Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, шиносонидани аҳолӣ бо мазмуну моҳияти Конститутсия ва ташаккули эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ мебошад.

Ин иқдом баёнгари он аст, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар нақши фаъол доранд.