БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД.
Бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар факултаи филологияии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ ба ифтихори "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, сарвари маркази таълими ва бозомӯзии вилоят Саидов Саидумрон ва намояндагони Донишгоҳи филологии тоҷик суханронӣ намуданд.
Сараввал Шарифулло Абдуллозода оиди дар лаҳзаи душвортарин ва тақдирсози давлату миллати тоҷик зимоми давлатдориро гирифта бо ақлу хиради волои хеш ва амалӣ намудани сиёсати хирадмандона аз нобудшавӣ ва парокандашавӣ нигоҳ доштани Тоҷикистон ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин оиди нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, инчунин корномаҳои Пешвои Муаззами миллат андешаҳои худро баён карда, таъкид намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат заминаҳои устувори илму маориф, фарҳанг ва иқтисодиётро таҳким бахшида, барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
Сипас Саидов Саидумрон сухан гуфта, зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти маориф барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва касбияти мутахассисони соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш аксияи иттилоотӣ-тарғиботӣ таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мо” баргузор гардида, ба иштирокдорон маводҳои иттилоотию тарғиботӣ тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба донишгоҳ эҳдо намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Суруди дилангези “Пешвои миллат” дар иҷрои сарояндаи хушовоз Сироҷиддин Худоймерганов ба ҳамоиш анҷом бахшид.
Тоҷикӣ
Русский
English 

