Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 8 ноя. 2025
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАШНИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАШНИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба баргузор гардид.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Чиллазода Қарахон, иштирокдоронро бо иди касбӣ табрик намуда, таъкид кард, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии кормандон яке аз вазифаҳои асосии Иттифоқҳои касаба мебошад.

Зикр карда шуд, ки имрӯз дар кишвар 930 ҳазор нафар аъзои Иттифоқҳои касаба фаъоланд, ки саҳми назаррас дар ҳифзи ҳуқуқ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон доранд. Ҳамасола кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат низ ба истироҳати солим фаро гирифта мешаванд.

Таҷлили Рӯзи Иттифоқҳои касаба арҷгузорӣ ба меҳнати инсон ва нақши муҳими Иттифоқҳои касаба дар ҷомеа мебошад.

Дар доираи озмуни ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” ғолибони озмун муайян карда шуданд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ 5 ташкилоти ибтидоии беҳтарин муайян гардид. Аз вилояти Суғд се ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, аз ҷумла ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, иттифоқи касабаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 ва Ташкилоти масъулияташ маҳдуди “Талко Голд” ташкилоти беҳтарини иттифоқи касаба дар ҷумҳурӣ дониста шуданд.

Ғолибон бо Ифтихорномаҳо ва нишони фахрии Иттифоқҳои касаба қардонӣ гардиданд.