Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 9 ноя. 2026
19.6°C

Худжанд

МУРОҶИАТНОМАИ  Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба  ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ба муносибати  28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

 Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳор менамояд, ки  ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз масъалаҳои  муҳим ва самти асосӣ дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ маҳсуб меёбад.

     Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳифз ва бехатарии меҳнатро омили муҳими муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намуда, 28-апрелро «Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат» муқаррар намудааст.

   Рўзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор, 28 апрел, ки бо ташаббуси Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат таъсис дода шудааст, як воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи чӣ гуна беҳтар кардани бехатарӣ ва шароити корӣ, тарғиби аҳамияти бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор мебошад.

        Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологӣ, ҳар сол Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мавзўи марказиеро интихоб мекунад, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ва он ҳамеша ба ҳифзи бехатарии одамон дар ҷои кор (ташкили ҷойҳои кории бехатар, кам кардани шумораи ҷароҳатҳо, баланд бардоштани бехатарӣ ҳангоми кор бо моддаҳои хатарнок, таъмини шароити муносиби меҳнат алоқаманд аст.

       Мавзўи Рўзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор дар соли 2026, ки аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат қабул шудааст ба муҳити психологию иҷтимоӣ ҳамчун мушкилоти глобалӣ бахшида шуда, он ба шароити одилона, сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва истеҳсоли устувор, ҳифзи солимии равонӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир даъват менамояд.

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи меҳнат санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайваста такмил меёбад ва он  ба муносибатҳои нави иқтисодӣ мутобиқ карда мешаванд.

        Заминаи муносибатҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ сарчашма мегиранд.

    Мутобиқи сархати – моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад.

        Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнати арзандаву солим ва бехатар, дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ҳифзи меҳнат яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбад.

         Масъалаи ҳифзи меҳнат ва ташкили ҷойи кории бехатар доимо дар меҳвари диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ  бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор гардида буд,баён намуданд, ки: “Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони  иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд”.

       “Руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” – таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

        Ҳамзамон баён гардида буд, ки Иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

         Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд.

        Иттифоқҳои касаба дар ташкилоту муассиса, корхона ва хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликият, аз корфармо даъват менамоянд, нисбат ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодие, ки мухолифи манфиатҳои кормандон ва аъзои оилаи онҳо мебошанд, роҳ надиҳанд.

       Бо назардошти муҳимияти масъала, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Шӯроҳои вилоятӣ, Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба муроҷиат менамояд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаву ташкилот ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташаккули он, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҷойи кор тадбир андешанд.

         Федератсия  ба вучуд овардани шароити бехавфу солими мехнатро вазифаи мухимтарини иттифокхои касаба дониста, эълон мекунад, ки кафолати хукукхои мехнатии кормандон ба мехнати солиму бехавф ва ба амал баровардани онхо вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти иттифоқҳои касаба мебошад.

        Дар ин асно Федератсия иброз менамояд, ки зимни иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл кардан зарур аст:

       - ҷалб намудани кормандон ва корфармоён ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, пешгирии ҷарроҳати истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ дар истеҳсолот;

     -  таъмини кормандон бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва коллективӣ;

     - ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат;

     - баланд бардоштани ҳавасмандии кормандон ва корфармоён оид ба ташкили ҳифзи меҳнат;

    - такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади таҳкими усулҳои иқтисодии идоракунии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани самаранокии низоми суғуртаи иҷтимоӣ, танзими бехатарӣ, ҳифзи мехнат ва чораҳои пардохти ҷуброни меҳнат дар шароити зарарнок ва хатарнок;

      - тарбияи кормандон дар руҳияи меҳнатдўстӣ ва фаъолияти самаранок дар ташкилоту корхонаҳо.

        Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои дар коллективҳои меҳнатӣ самарабахш ташкил намудани муҳокимаи васеи масъалаҳои ҳифзи меҳнат, тарғиби он дар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳо,  рўзномаҳои соҳавӣ, гузаронидани машваратҳо ва ҳамоишҳо дар корхонаҳо таҳти шиори «Рўзи ҳифзи меҳнат» даъват менамояд.

        Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон итминони комил дорад, ки амал ва ташаббусҳои иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот мусоидат менамояд.

       

            Федератсияи иттифоқҳои касабаи

            мустақили Тоҷикистон