АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ-МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!»
Бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, аксияи иттилоотию маърифатӣ таҳти унвони «МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар самти арзишҳои меҳнат, тақвияти ҳисси масъулият ва густариши фарҳанги эҳтиром ба меҳнати инсон арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни аксия Шӯрои ҷавонони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд байни ҷавонон корҳои тарғиботӣ анҷом дода, оид ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ин санаи муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки меҳнат ҳамчун омили асосии рушди устувори ҷомеа ва таъминкунандаи сатҳи зиндагии шоиста нақши калидӣ дорад. Ҳамчунин, иштирокчиён доир ба зарурати таҳкими ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон ва саҳми ҳар як шаҳрванд дар пешрафти ҷомеа андешаҳои худро баён намуданд. Бо ин мақсад, байни ҷавонон маводҳои иттилоотию таблиғотӣ тақсим карда шуда, онҳо ба арҷгузорӣ ба заҳмати содиқона ва риояи арзишҳои меҳнатӣ ҳидоят гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

