Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 9 ноя. 2026
19.6°C

Худжанд

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ  “ТОБИСТОН–2026” БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН–2026” БАРГУЗОР ГАРДИД

 Cанаи 24 апрели соли 2026, дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти роҳбарии раиси ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б., ҷаласаи ситоди вилоятии «Тобистон–2026» баргузор гардид.

Дар он аъзои ситоди вилоятӣ ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ситод рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, таҳти №91«Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ва қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2026, №30/4 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Шӯро аз масъулон оид ба рафти омодагӣ ба мавсими истироҳати кўдакону наврасон дар мавсиси имсола, баргузории корҳои таъмиру омодасозии истироҳатгоҳҳо пурсишҳо ба амал овард.

Сипас аъзоёни ситод, ва тамоми кормандони масъули Иттифоқҳои касабаи вилоятро вазифадор намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон, инчунин барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва гирифтани хулосаи стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои марбута чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омода ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, ҳар як кумитаи соҳавии вилоят масъулияти бевосита дошта, бояд фаъолияти худро дар ин самт тақвият бахшад.

Ба раисони Кумитаҳо супорида шуд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари кўдакону наврасон аз ҳисоби Хона-интернатҳо ва кўдакон аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат тадбирҳо андешанд.