БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРО
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯро баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Раёсат, кормандони масъули Шӯро ва дигар шахсони дахлдор вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
-ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2026;
-рафти иҷрои Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6;
-дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026;
-омодасозии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027;
-оиди вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ;
-оид ба тадбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм, солҳои 2026–2030);
-оид ба таъмини иљрои ҳатмии Қатъномаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба танзими низоми корбарӣ ва риояи принсипҳои фаъолият ва дигар масъалаҳо.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо раиси Шӯро аз масъулин пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва вусъат бахшидани фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

