НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ МУБОРАК!
Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд кулли сокинон ва аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро бо фарорасии баҳори оламафрӯз ва ҷашни мубораки Наврӯзи хуҷаста шодбош гуфта, таманнои онро дорад, ки хушиҳои рӯзгор, иқболи баланду саодати зиндагӣ, комрониву сафо, хушрӯзиву нусрату шодмонӣ ҳамрадифи рӯзгори Шумо бошад.
Маҳз ба шарофати хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни бостонии Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуд. Наврӯз дорои фазилатҳои неку созанда буда, аз қабили ободкориву тозагӣ, навандешиву навсозӣ, поксозии зоҳиру ботин ва тозагии андешаҳо мебошад, ки аҳли башар ба он арҷ мегузорад.
Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз, пеш аз ҳама, эътирофи дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик ба шумор рафта, он рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, пайванди устувори наслҳо, эҳёи табиат, ҷашни офариниш, шодиву нишот ва пирӯзии нур бар зулмат мебошад.
Бо чунин таманниётҳои нек бори дигар фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи ҳамватанони азиз табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сарбаландиву шодмонӣ, саодати ҷовидона ва дар фаъолияти меҳнатӣ комёбиҳои беназир таманно менамоем.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои
касабаи вилояти Суғд
Ш. Абдуллозода.
Тоҷикӣ
Русский
English 

