Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 9 ноя. 2026
19.6°C

Худжанд

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ ВА МЕҲНАТӢ ДАР ШУРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ ВА МЕҲНАТӢ ДАР ШУРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Маркази рушди касбияти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ таъсис дода шуд.

Иқдоми мазкур ба таҳкими робитаи илм бо амалия, рушди таҳсилоти дуалӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён ва шунавандагони Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд равона гардидааст.

Зимни ифтитоҳи марказ Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон омодагии муассисаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд таъкид намуда, зикр кард, ки дар шароити муосир танҳо донишҳои назариявӣ кофӣ нестанд ва таҳсилоти дуалӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад донишҳои худро дар муҳити воқеии корӣ татбиқ намуда, малакаҳои касбии худро баланд намоянд.

Таъсиси марказ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи ҳифзи меҳнат ва такмили таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Инчунин дар ин марказ кормандону фаолони иттифоқҳои касаба, нозирони ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва масъулони ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоят новобаста аз шакли моликият дараҷаи донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи касбияти худро баланд бардоранд.