БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ СОҲАВӢ
Санаи 24 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раҷабов Умед Саидшоҳович - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2026, дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, дар бораи Қатъномаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба танзими низоми корбарӣ ва риояи принсипҳои фаъолият ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумита Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович оғоз намуда, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳисобот дод.
Сипас, Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, оиди самтҳои фаъолият, дастовардҳо, саҳм ва нақши иттифоқҳои касаба дар рушди соҳа изҳори назар намуда, таъкид кард, ки соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ яке аз бахшҳои муҳим ва ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз фаъолияти пурсамар ва масъулиятшиноси кормандони ин соҳа ба таъмини муҳити зисти тоза, ободии маҳалҳо ва фароҳамсозии фазои солими зиндагии мардум мусоидат мекунад. Инчунин дар самти рушди минбаъдаи фаъолияти Кумита ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамбаст намудани соли 2026 дастуру супоришҳо дод.
Дар фарҷом Умедҷон Раҷабов баромад намуда, андешаҳои худро иброз дошт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English 

