ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ
Cубҳи имрӯз дар асоси нақши кории Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мизи мудаввар ба муносибати 28-апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо кормандон ва мутахассисони ҳифзи меҳнати соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Обидзода Нумон Юлдошӣ, муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Оқилзода Ғайратҷон, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳайдаров Д., нозири ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят баромад намуда, зикр кард, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 октябри соли 2019 аснои мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони Иттифоқҳои касаба таъкид намуданд, ки “Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад”.
Сипас Фозилова М., нозири ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ш.Хуҷанд Муроҷиатномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати 28-апрели Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнатро ироа намуд.
Дар мизи мудаввар инчунин Турдиев М., нозири меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маорифи н.Б.Ғафуров, Агзамова М., раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд баромад намуда оид ба масъалаҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷом, Нумон Обидзода табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро ба муносибати 28 апрел — Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ба иштирокдорон расонид. Ҳамзамон, ӯ оид ба фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба суханронӣ намуда, таъкид кард, ки кормандони масъули ҳифзи меҳнат бояд вазифаҳои хизматии худро дар самти таъмини ҳифзи меҳнат пурра, бо масъулияти баланд ва сифати хуб иҷро намоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

