Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат таҳти №111

 Дар бораи табъиз дар меҳнат ва касб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои комилҳуқуқи Созмони Байналмилалии Меҳнат аст, дар асоси банди 3 моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи  мазкурро эътироф кардааст.

Конвенсияи мазкур 25 июни соли 1958 дар сессияи дуюми Конференсияи генералии Созмони Байналмилалии Меҳнат қабул карда шудааст.

4 июни соли 1958 ҳайати Роҳбарияти Дафтари Байналмилалии Меҳнат дар Женева  дар иҷлосияи 40-ум бо мақсади қабул кардани қарор ва як қатор пешниҳодҳо дар бораи табъиз дар соҳаи меҳнат ва касб даъват карда шуданд.

Бо назардошти он, ки Эъломияи Филаделфия эълон медорад ҳама одамон сарфи назар аз наҷод, эътиқод ва ҷинс метавонанд беҳбудии моддӣ ва рушди маънавии худро дар шароити озодӣ ва шаъну шараф, суботи иқтисодӣ ва имкониятҳои баробар истифода баранд;

Дар асоси бандҳои «а,б» моддаи 1 Конвенсияи мазкур чунин  мақсадҳои асосии роҳ надодан ба «табъиз» (дискриминаӣия)  дар соҳаи меҳнат қайд карда шудааст:

а) ҳар гуна фарқият ё афзалият сарфи назар аз наҷод, ранг, ҷинс, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ, миллат ё мансубияти иҷтимоӣ, ки боиси ҳалок ё вайрон кардани имкониятҳои баробар ё муомила дар соҳаи меҳнат ва касб шудааст;

б) ҳар гуна фарқият ё афзалият, ки боиси вайрон гардидани баробарии имконият ё муомила дар соҳаи меҳнат ва касб шудааст онро бояд узви мувофиқ бо машварати созмонҳои намояндагии корфармоён ва коргарон муайян намояд, лекин ба ҷои онҳо дигар мақомоти дахлдор муайян менамояд.

Мувофиқи моддаи 2 Конвенсияи мазкур хар як узви Созмон, ки Конвенсияро эътироф кардааст, ӯҳдадор мешавад, ки сиёсати миллиро, мутобиқ бо амалия ва амалияи миллӣ, баробарии имконияту муносибат нисбати кор ва шуғл бо мақсади барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбати он нигаронида шудааст, муайян ва амалӣ намояд.

Инчунин мутобиқи моддаи 3 ҳар як узви Созмон, ки ин Конвенсияро ҷонибдорӣ намудааст, ӯҳдадор аст шартҳои Конвенсияро дар асоси қонунгузории миллӣ иҷро намояд.

а) кӯшиш намояд, ки ҳамкории ташкилотҳои корфармоён ва коргарон, инчунин дигар мақомоти дахлдорро дар самти қабул ва татбиқи ин сиёсат таъмин намояд;

б) ҷорӣ намудани чунин қонунгузорӣ ва ташвиқи барномаҳои таълимӣ, ки қабул ва татбиқи ин сиёсатро таъмин карда метавонанд;

в) ҳама муқаррароти қонунгузориро бекор мекунад ва ҳама гуна дастурамал ё амалҳои маъмуриро, ки бо ин сиёсат номувофиқанд, тағйир медиҳад;

г) сиёсати муқарраршудаи меҳнатро таҳти назорати бевоситаи мақомоти давлатӣ татбиқ намоянд;

д) риояи сиёсати муқарраргардидаро дар фаъолияти роҳнамоии касбӣ, таҳсилоти касбӣ ва шуғл таҳти назорати мақомоти давлатӣ таъмин менамояд;

е) дар гузориши солонаи худ оид ба татбиқи Конвенсия фаъолиятҳоеро, ки тибқи сиёсатҳои зикршуда ва натиҷаҳое, ки тавассути ин фаъолиятҳо ба даст оварда шудаанд, нишон диҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *