Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисон, масъулони ташкили ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, муҳандисони техникаи бехатарӣ, мутахассисони Хадамоти ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнати кормандон, кормандони масъули иттифоқҳои касаба, мухосибони ташкилотҳо дар асоси талаботи моддаи 121 ва 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ таъсис дода шудааст.

Агар хоҳед, ки

  • қонунҳо ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва бехатариро донед ва риоя намоед;
  • дараҷаи дониш ва тахассуси худро баланд бардоред;
  • беҳтарин мутахассиси ҳифзи меҳнат бошед;
  • дар корхонаҳои Шумо ҳолатҳои садамавии истеҳсолӣ пешгирӣ карда шавад;
  • фарҳанги муносибати корӣ ва сифати фаъолиятро беҳтар созед;
  • бо техналогияи муоссир ва кор бо расонаҳои интернетӣ ошно гардед;
  • бо қонунҳои муҳими фаъолияти корӣ бохабар бошед,

аз курси такмили ихтисоси Иттифоқи касаба истифода баред.

Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос бо иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Марказ дар самтҳои зерин хизматрасони менамояд

Бозомӯзӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси:

  • Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ҳифзи меҳнатанд;
  • Роҳбарон ва мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат;
  • Муҳосибон ва кормандоне, ки масъули ҳифзи меҳнатанд;
  • Раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилоту муассисаҳо;
  • Нозирони ҳифзи меҳнат.

Курси омӯзишӣ вобаста ба намуди фаъолият аз рӯи барномаҳои 40, 72 соата гузаронида мешавад.

Баъди итмоми курси омӯзишӣ шаҳодатномаи махсус супорида мешавад.

Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 42, бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд.

Телефонҳо: (83422) 6-00-41, (83422) 6-54-34 ва (83422) 6-17-80.

Дархост барои дохилшавӣ

Ному Насаб*
Рақами телефон*
+992
    Дархост*
    Ирсол
    КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    БОБИ 8

    ТАЙЁРИИ КАСБӢ, АЗНАВТАЙЁРКУНӢ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАҶРИБАОМӮЗИИ КОРМАНДОН

    Моддаи 121. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон
    1. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон бо роҳхати корфармо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо ё дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи шартномаи таҳсил амалӣ карда мешавад..
    2. Барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил мефиристонад, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

    Хабарҳо

    Мо дар Facebook