Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

Таъсисдиҳии иттифоқи касаба

Чи гуна ташкилоти иттифоқи касабаро таъсис дод?

Чӣ тавр бояд ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба таъсис дода шавад, дар ҳолате, ки агар дар коргоҳ, ташкилот ва муассиса таъсис дода нашуда бошад?

Дар ҳолате, ки дар коргоҳ, ташкилот ва муассисаи Шумо ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба таъсис нашуда бошад, Шумо метавонед якҷоя бо розигии кормандон, агар шумораи кормандон аз 5 нафар зиёд бошад, таъсис диҳед.

Барои ин бо Оинномаи иттифоқҳои касаба шинос шавед.

Баъд аз он оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба бо кормандон маҷлис гузаронида мешавад. Дар ин маҷлис роҳбари коргоҳ ё намояндаи ӯ оиди таъсиси иттифоқи касаба сухан меронад. Боз ягон хоҳишманд бошад сухан карда метавонад. Баъдан бо розигии кормандон як нафар шахси ташкилотчиро раиси иттифоқи касаба таъин менамоянд. Ҳайати кумитаи иттифоқи касаба иборат аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар бошад. Бинобар ин ба раиси иттифоқи касаба боз ду (ё чор, шаш) нафари дигар ва агар кормандон зиёд бошад чор ё шаш нафари дигарро аъзо интихоб менамоянд.

Баъди он Комиссияи тафтишотӣ бояд интихоб карда шавад. Комиссияи тафтишотӣ низ иборат аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар бошад.

Баъди интихоби аъзоён, комиссияи тафтишотӣ қарор қабул карда мешавад.

Баъдан роҳбари ташкилот ва раиси иттифоқи касабаи коргоҳ бояд ба ташкилоти болоии иттифоқи касаба мактуб ирсол намояд, то ки ба хизматрасонӣ қабул карда шавад.

Маводҳо

Хабарҳо

Мо дар Facebook