Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 30 апр. 2024
17.6°C

Худжанд

РАМАЗОН МОҲИ МЕҲРУБОНИСТ

РАМАЗОН МОҲИ МЕҲРУБОНИСТ

Ҳамдиёрони азиз, ҳамкасбони муҳтарам!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди фитр муборакбод намуда, барои ҳар яки аз Шумо саломативу хонаободӣ ва сарбаландӣ таманно дорам. Моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи пурсаховату бофайзе буд, барои мардуми тоҷик бо иҷро кардани амалҳои нек аз ҷумла саховатмандиву эҳсонкорӣ сипарӣ шуд ва дар фазои тинҷу осуда бори дигар собит шуд, ки дар партави  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии шоиста ва ободро аз сар гузаронида истодаем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони кишвар ва намояндагони дин таъкид намуданд, ки ҳар як инсон дар баробари парҳезгорию тақво дар роҳи саховат хайру эҳсон бояд кореро ба анҷом расонад. Зеро мардуми мо аз қадимул айём дар роҳи адолат, муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховат намунаи ибрити оламиён буданд ва ҳастанд.

Ин моҳи шариф ҳамеша моро ба роҳи хайру шафқат, эҳсону саховат, покизагӣ, таҳаммулпазирӣ даъват мекунад. Аз ин рӯ, мардуми саховатманду шарафманди тоҷик кӯшишу ғайрат менамоянд, ки садақаи фитр ва закоти молашонро ба ятимхонаву хонаҳои бепарасторон ва ниёзмандон бидиҳанд. Садақа додан сабаби рушди моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда мешавад ва аз ин рафтори наҷиб аз ҳама беҳтар худи ӯ фоида мебарад ва аз тарафи дигар нишонаи бузургист.

Дар ин моҳи меҳрубонӣ оид ба фазилатҳои дӯстиву рафоқат, тозагиву ободкорӣ, ватандӯстиву саховат ва дигар хислатҳои ҳамида бештар сухан гуфта мешаваду дар қалби ҷавонон хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба ҷунбиш меоянд. Далолат ба кори хайр подоши беандоза дорад. Касе, ки ба амали накӯ даъват менамояд, монанди касест, ки амали хайрро анҷом медиҳад. Бетарафӣ пайомади хатарзо дорад.

Дар ин замина, тамоми бошандагони ин кишвари биҳиштосоямон, аз ҷумла, кулли аъзои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро бо иди шарифи Рамазон, моҳи хайру эҳсон табрик намуда, тани бедарду рӯзгори бегард, файзу баракат орзу менамоем. Бигзор, саъю кӯшиши меҳнаткашон дар ин моҳи фархунда дар роҳи амалӣ гаштани ҳадафҳои наҷибашон тавъаму созгор ба даргоҳаш қабул гардида бошад.

               

 Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд