Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 30 апр. 2024
17.6°C

Худжанд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.

Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити лозима барои сайру гашт ва истироҳати сокинон, машғулиятҳо ба кӯдакону наврасон дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2023 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии клуби «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми 2 сол сохта шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Тибқи нақшаи генералӣ, дар ҳудуди боғ муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки баландии он 12 метр мебошад.

Барои истироҳату фароғати хушу хотирмони сокинон ва меҳмонону сайёҳон роҳравҳои васеъ, гулгаштҳои зебо, нишастгоҳҳо, суҳбаткадаҳо, барои дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва машғулияти кӯдакон ҷойҳои махсус ташкилу таҷҳизоти варзишӣ насб карда шудааст, ки макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад. Дар шомгоҳон намои боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, 70 адад сутунпояҳо бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.

Гирду атрофи боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 1000 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои бешумори мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати пурраи замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври қатрагӣ обрасонӣ шуда, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан ҷойи истироҳату фароғат ва нишонаи арҷу эҳтиром ба давлатдории тоҷикон маънидод карда мешавад.

Сокинони шаҳри Истаравшан бунёди чунин макони зебои фарҳангию фароғатиро боз як иқдоми созанда ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда арзёбӣ намуданд.