Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 30 апр. 2024
17.6°C

Худжанд

Сафари кории намояндаи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Сафари кории намояндаи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Санаҳои 12-13 апрели соли 2024 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми занон дар мавзӯи "Роли зан дар олами меҳнат", ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд, баргузор гардид.

Дар форум намояндаи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки ҳайати намояндагон - Темурова Турсуной Насимовна иштирок намуд.

Ҳадаф аз баргузории Форум андешидани маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати пешбурди принсипҳои баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии занон мебошад.