Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

ПЛЕНУМИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 8 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми васеи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барпо гардид.

Дар Пленум раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим,– муовини раиси Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон Алӣ Саидзода, раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон Рамазон Одиназода, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Ӯлмасов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати кимиё  Ҷамшед Забиров,  раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Муродзода ва мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти назорати давлати дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Насим Сиддиқӣ иштирок доштанд.

Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят   3 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод:

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019

Дар бораи санҷиши гурӯҳи кории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба таҳлили баҳисобгирии ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Дар бораи ҷамъбасти озмунҳои вилоятии иттифоқҳои касаба

Аз рӯи масъалаи якум раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода сухан ронда, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти иттифоқи касабаи вилоятро дар соли 2018 таҳлил намуд ва дар бораи вазифаҳои кормандон, фаъолон ва кулли аъзои иттифоқи касаба дар соли 2019  ҳарф зад.

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Исмоил Файзизода   – муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сухан ронда, дар бораи фаъолияти гурӯҳи корие, ки моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият бурданд, таваққуф намуд.

Аз рӯи масъалаи сеюм нисбати ҷамъбасти озмунҳо Нӯъмон Обидзода – муовини аввали раиси Шӯро сухан ронда, ғолибонро эълон кард ва онҳо бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Баъди муҳокима ва масъалаҳои баррасигардида Пленум қарори дахлдор қабул намуд.

Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд кори ҷаласаи Пленумро ҷамъбаст ва ба Қодири Қосим – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва меҳмонон барои  суханронӣ ва маслиҳатҳояшон дар ҷаласаи корӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар хотима аз тарафи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2019 вазифагузориҳо карда шуд.