Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 3 мая. 2024
20.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

 Санаи 23 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа баргузории ҳамоиши V Шўрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Шўро Шарифулло Абдуллозода ҳозиронро бо  нақшаи чорабиниҳои ҷаласаи V Шўрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. Инчунин бобати дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор   намудани чорабиниҳо, аз чумла ташкили мусобиқаи варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми Шўрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба футболи хурд, семинар бо иштироки намояндагони  иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ ва баргузории ҷаласаи V Шўрои  иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ  ба масъулини Шўро ва  раисони Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси Шўро дар ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои таъсиси ҳаракати волонтёрӣ  ва Мактаби захираи кадрҳои иттифоқи касаба аз ҳисоби ҷавонон ибрози андеша намуд ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.