Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 1 мая. 2024
19.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

Санаи 18 апрели соли 2024 бо иштироки Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода  ҷаласаи навбатии  Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар Раёсат масъалаҳо оид ба натиҷаи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025  ва баргузории ҷаласаи V Шўрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид.

Раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Ш.Абдуллозода масъалаҳои рӯзномаро мавриди таҳлил қарор дода, аз масъулони соҳа ва сарварони Кумитаҳои соҳавӣ пурсиш ба амал овард ва барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда тавсияҳои худро иброз намуд.

Ҳамчунин, оид ба дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба “28 апрел - Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”,  ва “Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 Май” андешаронӣ намуда таъкид гардид, ки оид ба таваҷҷуҳи  коллективҳои меҳнатӣ ва ҳар як аъзои иттифоқи касаба бурда расонидани Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати “28 апрел - Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” дастуру супоришҳо дода шуд.

 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баромад намуда, оид ба таъмини рушди минбаъдаи иттифоқҳои касаба ва иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ибрози ақида намуда, ба масъулони иттифоқҳои касаба дастуру супоришҳо дод.

Инчунин, Маликшо Неъматзода  оиди дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷаласаи V Шўрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ   ибрози ақида намуда, дар назди кормандони масъули Шўро ва  раисони Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ  супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва баргузор намудани ҷаласаи V Шўрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ  тасдиқ карда шуд.

Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.