Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

Вилояти Суғд

Вилояти Суғд – минтақаи маъмурӣ дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хисоб рафта, таърихи қадима ва мавқеъи ҷуғрофии ба худ хос дорад. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад, ки он таърихи зиёда 2500 соларо дорад. Аҳолии вилоят – 2 902 000 нафарро ташкил медиҳад (1 сентябри 2023).

Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Вилояти Суғд аз ҷиҳати масоҳат дар Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз 8 шаҳр, 14 ноҳия ва 23 шаҳрак иборат аст. Вилояти мазкур минтақаи аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта буда, истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга ва нодир, истихроҷи тилло, ангишт, нафт, газ, мармар, гранит, гаҷ, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, тиҷорат ва кишоварзӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Кӯлҳои калонтарини вилоят: Искандаркӯл ва Оқсуқон.

Искандаркӯл - шакли секунҷаро дошта, майдони он 3,4 км² мебошад.

Оқсукон ягона кӯли шӯри даврӣ дар Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ гаштааст. Қаъри кӯли Оқсукон ҳамвории тахт буда, чуқурии об дар шарқ ба 0,7м ва ба самти ғарб боз ҳам тунукобтар мешавад.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдёфтаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба  ҳисоб рафта, дар он соҳаи кишоварзӣ ва саноат хеле рушд ёфтааст.

Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ маҳсулоти саноатӣ 107,5 фоизро ташкил дода, ҷои аввалро ишғол менамояд.

Тибқи ҳисобатҳои оморӣ ба санаи 1 сентябри соли 2023 дар вилоят 1057 адад корхонаҳои саноати фаъолият мебаранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 729 (69,0 фоиз) корхона сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. 

Ба ҳолати 1сентябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 12686,4 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15,0 фоиз таъмин гардид.

Вилояти Суғд дар қадди шоҳроҳи тиҷоратии “Роҳи абрешим” ҷойгир буда, ҳамчун дарвозаи тиҷоратии шимолии Тоҷикистон ва дурдонаи водии Фарғона машҳур буда аз ҳудиди он тамоми инфрасохторҳои нақлиётӣ ва логистикии водии Фарғона мегузарад. Вилояти Суғд дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад.