ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ  ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, раисон ва кормандони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо намуданд.

Пас аз анҷоми Паём Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд доир ба нуктаҳои муҳими Паём баромад намуда, таъкид дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат  ба Маҷлиси Олӣ раҳнамо барои фаъолияти минбаъда маҳсуб ёфта, доир ба тамоми  паҳлӯҳои он мо нақша-чорабинӣ тартиб дода, барои амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Тамоми иштирокдорон аз Паёми Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҷонибдории худро доир ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар баён доштанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *