БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 24.12.2019 дар толори Шӯрои иттифоқи касбаи вилояти Суғд дар партави мулоқоти Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Иттифоқҳои касаба: марҳалаи тозаи рушд ва ҳамкориҳо» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раисон ва намояндагони Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят, фаъолонва мутахассисони соҳа, олимон донишмандон ва муҳаққиқон ширкат варзиданд.

Конфронсро дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида гуфт ки ҳадафи конфронс дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор додани фаъолияти дирӯз ва имрӯзи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи иттифоқҳои касаба мебошад.

Дар конфронс раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад намуда дар оғоз иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта афзуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур ин мусоидат намудан ба амалишавиии вазифаҳои оинномавии Иттифоқҳои касаба ва баррассии роҳу усулҳои муосири рушд ва ҳамкориҳо, ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои беҳдошти вазъи фаъолияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ҳозиринро бо ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи он мебошад, аз номи Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистонд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муборак намуд ва аз мақому манзалати ин ташкилот сухан кард. Дар мавриди ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳодҳои ҷолиб баён кард.

 Аз рӯи барномаи конфронс таҳти мавзӯи “Назаре ба таърихи таъсис ва рушди Иттифоқҳои касаба” номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррихи номвар Исомаддинов Ҷӯрабек баромад карда, аз таърихи пайдоиш ва рушди иттифоқҳои касаба изҳори назар кард. Дар барномаи ӯ самтҳои фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар замонҳои мухталиф мавриди таҳлил қарор гирифт ва аз аҳамияти ин ташкилот ба ҷомеа мисолҳои фаровон ироа намуд.

Дар маърӯзаи Иброҳимҷон Ҷабборов- номзади илмҳои таърих, декани факултети таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров “Рушди Иттифоқҳои касаба дар даврони Истиқлол” бошад оид ба фаъолият ва ташаббусҳои наҷиби Иттифоқҳои касаба дар замони Истиқлол сухан рафт.

Маърӯза таҳти унвони “ Эмомалӣ Раҳмон ва марҳалаи тозаи рушду ҳамкориҳои Иттифоқҳои касаба дар замони муосир, ки аз ҷониби Шарифулло Абдуллозода Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ироа гардид аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти фаъолияти Иттифоқҳои касаба сухан рафт .Ӯ гуфт ки Сарвари давлат ба фаъолияти мо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд ва ба мо ҳамчун қувваи созандаву пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Махсусан мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касабаи кишвар ба марҳалаи нави фаъолияти густурда ва пурвусъати ин соҳа,ки аҳли меҳнати ҷумҳуриро ба ҳам овардааст оғоз бахшид.

Дар маърӯзаи “ Ҷавонон ва иттифоқҳои касаба”, ки Шӯҳрат Саидов- номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди ДДҲБСТ ироа кард нақши ҷавонон дар пешрафти соҳа баён шуд.

Сипас дар назди ҳозирин Хадамоти хизматрасонии фарҳангиву эҷодии “Корбар”,ки ба тозагӣ дар назди Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таъсис дода шудааст муаррифӣ гардид.

Саидов Саидумрон-номзади илмҳои филология, яке аз ташаббускорони таъсиси хадамоти мазкур гуфт,ки “хадамоти хизматрасонии адабию фарҳангии “Корбар” барои ташкилу баргузории конфронс, форум, семинар, шабҳои эҷодӣ, маҳфилҳои илмиву адабӣ, ёдбуд ва мизҳо мудаввар машғул аст ва ҳадафи он баланд бардоштани маърифат ва маданияти муколамаву муҳовара дар ҷомеа мебошад.

Дар поёни конфронс Озмуни “Иншои беҳтарин” ки барои донишҷӯёни донишгоҳҳои вилоят аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд эълон шуда буд ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон диплому тӯҳфаҳои пулӣ эҳдо гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *