Конфронси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид

Санаи 16 ноябри соли 2019 дар толори калони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Конфронси XVII ҳисоботӣ – интихоботии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори конфронс Нурхон Ҳаётзода Шариф – раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Оқилов Толибҷон Дадоҷонович – муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ҳоҷибоев Маруфҷон Юсуфҷонович –муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Ӯлмасов Раҷаббой мушовири Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ .

Баъди интихоби Раёсати корӣ, котибот ҳайати таҳрия, аъзои комиссияи ваколатӣ ва тасдиқи рӯзномаи корӣ раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Маллаев О.М. ҳозиринро бо «Ҳисобот оид ба фаъолияти кори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят дар давраи аз октябри соли 2012 то ноябри соли 2019» шинос намуд. Сипас ҳисоботи комиссияи назоратӣ – тафтишотӣ оиди фаъолияти кумитаи вилоятӣ дар 7 соли сипаришударо муовини раиси комиссияи тафтишотӣ Усмонова Н.А. ба самъи иштиокчиён расонид.

Пас аз музокираҳо фаъолияти кори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят дар давраи аз октябри соли 2012 то ноябри соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуда, ҳисоботи комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ бо қарори конфкркнсия тасдиқ карда шуд.

Дар конфронс ҳайати нави Пленум аз 31 нафар аъзо интихоб гардид.

Ҳамчунин бо иштироки Нурхон Ҳаётзода Шариф раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Пленуми тозаинтихоб гузаронида шуда, ҳайати Раёсати кумитаи вилоятӣ иборат аз 7 нафар ва Маллаев Олимҳоҷа Масиёевич ба ҳайси раиси кумита интихоб гардид.

Дар фарҷоми конфронс фаъолияти 50 солаи дар иттифоқи касаба ва 75 солагии собиқ раиси кумитаи вилоятӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҳаракати иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии вилоят Носирова Муҳиба Мансуровна қайд карда шуда, соҳибҷашн бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин 6 нафар фаълони иттифоқи касабаи соҳа бо “Медали ҷашнии 85 солагии иттифоқи касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 5 нафар бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *