ҲАМКОРИ РУШД МЕЁБАД

Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҳамкории судмандро бо Иттифоқҳои касабаи давлатҳои хориҷа хуб ба роҳ мондааст. Вобаста ба шартномаҳои ба имзорасида сафарҳои кории кормандон ба семинарҳои омӯзишӣ-дастурдиҳӣ ва таҷрибаивазкунӣ ба давлатҳои дигар ба роҳ монда шудааст.

Санаи 28- 31 октябри соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Ташкилоти байналмиллалии меҳнат дар толори меҳмонхонаи «ORION BISHKEK» семинари мнтақавӣ дар мавзӯи   «Вазифаҳои иттифоқи касаба ва ташкилотҳои кордиҳанда оид ба масъалаҳои омода намудани кадрҳо, ташаббуси ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат оид ба ҳамҷоягии   кор ва омӯзиш» доир гардид.

Дар семиари мазкур намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят-раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Маллаев Олимхоҷа ширкат варзид.

Дар семинари мазкур намояндагони давлатҳои Федератсияи Руссия, Белоруссия, Тоҷикистон, Арманистон, Молдова, ва асосан Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар семинари мазкур  натиҷаи тадқиқоти дар вилояти Чуйи   Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронидашуда, масъалаҳои омода намудани мутахассисони ҷавон  барои  соҳаи саноат ва роҳҳои таъмин намудани онҳо бо кор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҷараёни омода намудани кадрҳои коргари дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ба таҳсил фаро гирифташуда, мавриди омӯзиши кормандони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд низ гузаронида шудаааст. Дар доираи амали намудани ин барнома дар моҳҳои август-сентябр аз ҷониби мутахассисони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҳолати таъминоти кадрӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои такмил додани кор дар ин самт тавсияҳои худро ба Пажӯҳишгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.

Дар семинари мазкур натиҷаҳои тадқиқотҳои гузаронидаи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро низ мавриди баррасӣ  қарор дода, он аз ҷониби мутахассисон беҳратин арзёбӣ  гардид.

 

                                               

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *