МУЛОҚОТ БО СОХМОНЧИЁНИ НБО “РОҒУН”

Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” дар сарнавишти миллати тоҷик чун кохи муҳташаму нишонаи ифтихор ва саодат сабт мешавад. Зеро бунёду мавриди истифод қарор гирифтани он кишвари моро ба сӯи комёбиҳою музаффариятҳо раҳнамоӣ мекунад.

Санаи 9 сентябр дар рӯзи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дуюми ин кохи нур мавриди истифода қарор гирифт. Сокинони кишвар бо руҳияи бузургу таассуроти нек ин рӯйдоди таърихиро хуш истиқбол намуданд.

Бо  мақсади огаҳи ёфтан аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва  дастгирии манавии сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср  субҳи санаи 4 ноябр фаъолони вилоят бо сарварии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳалӣ дар вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳалӣ дар вилояти Суғд Толиб Оқилов ҳамчунин  рӯзноманигорону нависандагон ба ин гурӯҳ  шомил буданд, таҳти роҳнамоии раиси Иттифоқи касабаи Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи  барқии обии “Роғун” Абдулҳақзода Толиб  ва муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун Шаҳноза Саидова аз рафти сохтмони нерӯгоҳ дидан карданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ  Миралӣ Аҳмадов, сардори Раёсати назорати техникии ҶСК НБО “Роғун” зикр намуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар агрегати сеюми нерӯгоҳ бо маром идома дошта, беш аз 17 ҳазор нафар сохтмончиён дар он фаъолияти бонизом доранд.  Қайд карда шуд, ки иқтидори лоиҳавии НБО “Роғун” 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.

Дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ аз рафти сарбандҳо, тунелҳои обгузар, толори Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии “Роғун” дидан карданд. Маврид ба зикр аст, ки маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО “Роғун” истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Аснои хӯроки нисфирӯзӣ дар ошхонаи барҳавои нерӯгоҳ мулоқоти гарму самимӣ бо сохтмончиён доир шуд.

Маликисломӣ  Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  сохтмончиёнро бо рӯзи қабули Конститутсияи кишвар табрик намуда, баён дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он ба бор овард.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳалӣ дар вилояти Суғд Толиб Оқилов зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Итминони комил дорем, ки  таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

Адиб ва рӯзноманигор, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юсуф Насрулло дар баромадаш баён дошт, ки аввалин тарҳи ин нерӯгоҳи азим соли 1932 кашида шуда буд, аммо бо ҳар баҳона бунёди нерӯгоҳ ба дарозо кашида шуд. Танҳо матонат, мардонагӣ ва шуҷоати Пешвои муазаами миллат, родмардиву масъулиятпешагии сохтмончиён имконият фароҳам овард, ки ин иншоот ба кохи нур ва рӯшноӣ табдил ёбад.

Директори генералии Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”  Сафарзода Хайрулло Амиралӣ иқдоми пешгирифтаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва роҳбарияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро шоиста арзёбӣ намуда, баён дошт, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо барои таҳкими дӯстии байни минтақаҳо, баланд бардоштани ифтихо ва ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд.

Сари хони густурда ҳунармандони шинохтаи вилоят Бахтиёр Давлатов, Ҳалимҷон Салимӣ ва Фирдавс Худойназаров бо сурудҳои дилошӯб ва саршор аз ватану ватандорӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.Маҳфили созу суруд то дергоҳ идома ёфта, сохтмончиён аз ин чорабинӣ бо як ҷаҳон таассурот ба ҷойи корашон баргаштанд.

Иштирокдорони ин сафар тасмим гирифтанд, ки таассуротҳои худро ба мардум вобаста ба шукуҳу шаҳомат ва авҷи корҳои сохтмониии ин нерӯгоҳро бо мисолҳои возеҳ расонанд.

Бешубҳа сафари хотирмон дар рӯзгори ҳар як нафари аз иншооти аср  дида, чун сафари хотирмон ва таърихӣ хоҳад монд. Зеро онҳо дар пеши чашми худ афсонаи ба ҳақиқат мубаддалгаштаро диданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *