МУЛОҚОТИ ФАЪОЛОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд вохӯрии фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илм дар партави мулоқоти Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Мироватов Мусобек- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд зикр кард, ки мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ-Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Иттифоқҳои касаба ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.

Мусобек Мироватов- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илми вилоят таъкид намуд, ки иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Ҳамчунин, кӯшиш намоянд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо таҳти назорати доимии кормандони иттифоқи касаба қарор гиранд.

Чунин, вохӯриҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи вилоят роҳандозӣ карда мешаванд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *