Дар натиҷаи барқарор шудани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2018 Меморандум байни кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳури Ӯзбекистон баста шуда буд.
Санаҳои 23-29 марти соли ҷорӣ дар асоси таклифномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба иштирок дар мусобиқаи байналмилалии футбол байни табибони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо барои Ҷоми “Дӯстӣ”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, аз ҳисоби кормандони тибби шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҳайати тими футболбозон тасдиқ карда шуд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар мусобиқа футболбозон аз давлатҳои Қирғизистон, Украина, Белорусия, Россия, Қазоқистон ва ду дастаи Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ба футболбозони тоҷик муяссар гардид, ки ба бозии финалӣ баромада, бо дастаи футболбозони Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуда, ба гирифтани ҷои дуюм ва Ҷоми футбол сазовор гарданд.
Ҳамчунин дар доираи ин мусобиқа байни табибони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо дар толори Донишгоҳи такмили ихтисоси табибони шаҳри Тошканд семинари илмӣ-амалии “Иноваӣионнқе технологии в медиӣине и спорте” баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагон аз давлатҳои Франсия, Полша, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия, Украина, Қазоқистон ва Белоруссия иштирок ва баромад карданд.