23 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Конференсияи IV кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл”-и вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори конференсия раиси кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Тоҷикистон Холиқов Абдулло Холиқович, Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон-раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, инчунин вакилон, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои соҳа, собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Конференсия баъди интихоби раёсати корӣ, котибот, комиссияи ваколатӣ, ҳайати таҳририя тартиби кориро муайян намуда, рӯзномаи зеринро тасдиқ кард:
1.Ҳисоботи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи вилояти Суғд “ Тоҷикметалл” аз 18 феврали соли 2012 то 23 феврали соли 2019 ва самтҳои асосии фаъолияти иттифоқи касаба.
- Ҳисоботи комиссияи назоратӣ-тафтишотии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи вилояти Суғд “Тоҷикметалл”.
- Интихоби аъзои кумитаи иттифоқи касабаи вилоятӣ.
- Интихоби аъзои комиссияи назоратӣ-тафтишотии иттифоқи касабаи вилоятӣ.
Сипас аз рӯи масъалаи якум “Ҳисоботи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл”-и вилояти Суғд дар давраи кори солҳои 2012-2018 ва самтҳои асосии фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа” раиси он Зикиряев Юнус Тӯрахӯҷаевич маърӯза кард.
Дар маърӯза самтҳои фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл” дар тӯли 7 соли ҳисоботӣ, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишварамон марҳилаҳои бузурги таърихӣ, давраи созандагии бунёдкорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва ниҳоят давраи болоравии минбаъдаи ҳаракати иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурӣ ва вилоятамон ба вуқӯъ пайваст, қайд гардид.
Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа ҳамчун узви Шӯрои иттифоқи касабаи вилоят. ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, коркунони саноати маъдан ва металлургияро дар бар мегирад ва ҳоло 13 ташкилотҳои ибтидоӣ дошта 8504 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд.
Дар як вақт дар рафти маърӯза камбудиҳои ҷойдоштаро гуфта шуд ва барои минбаъд бо такмили фаъолияти корӣ бартараф намудани онҳо ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас вазифагузорӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм “Ҳисоботи комиссияи тафтишотии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл” дар давраи солҳои 2012-2018” раиси он Бекназаров Алибек баромад намуда, фаъолияти кори комиссияро дар ин давра ба пуррагӣ таҳлил кард.
Оиди интихоби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл” пешниҳод шуд, ки ба ҳайси раиси кумита Зикиряев Юнус Тӯрахӯҷаевич интихоб карда шавад. Таклиф қабул шуд. Вакилони конференсия ба тариқи овоздиҳии кушод бо тарафдории пурра Зикиряев Юнус Тӯрахӯҷаевич –ро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия “Тоҷикметалл”-и вилояти Суғд интихоб намуданд.
Сипас раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ба сухан баромадақайд намуд, ки ташкилоти иттифоқҳои касаба дар асоси Оинномаи худ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар қарору санадҳои меъёрие, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, амал мекунад. Мақсади ин ташкилот ҳамарӯза пайваста ба замони муосир ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли меҳнат буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба халқу Ватани худ садоқатмандона хизмат кунад ва раиси аз нав интихобшудаи кумитаро табрик намуда, ба ӯ дар вазифаи пурмасъулият муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар охир Холиқов Абдулло Холиқович раиси ҷумҳуриявии кумитаи иттифоқи касабаи коркунони геология, саноати маъдан ва металлургияи Тоҷикистон ҳайати нав ва раиси аз нав интихобшудаи кумитаи вилоятӣ Зикрияев Юнус Тӯрахӯҷаевичро табрик намуд ва як зумра кормандон, фаъолон ва собиқадорони иттифоқи касабаи соҳаро барои хизматҳои шоёну арзандаашон дар иттифоқҳои касабаи соҳа бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии соҳа, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд сарфароз гардонид.