Шунавандагон соҳиби Шаҳодатнома гардиданд

Гурӯҳи навбатии шунавандагони курси такмили ихтисос, ки аз пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташриф оварда буданд, дар Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аз санаи 17.05.2022. то 21.05.2022. аз рӯи барномаҳои таълимӣ “Ҳифзи меҳнат”, машғулиятҳо доир гардид, пас аз ба анҷом расонидани барномаи таълимӣ ва аз худ намудани он соҳиби Шаҳодатнома гардиданд.

Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят машғулиятҳоро ҷамъбаст намуда, оид ба натиҷаи машғулиятҳои таълимӣ, нақшаҳои ояндаи рушди Марказ сухан ронд. Шунавандагони курси такмили ихтсос низ дар навбати худ баромад намуда, таассуротҳо ва пешниҳодҳои худро иброз намуда ба ташкилкунандагон арзи миннатдорӣ намуданд.

Дар охир Шарифулло Абдуллозода ва Раҷабов Умедҷон – раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба 22 нафар хатмкунандагон Шаҳодатномаро супориданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *