МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ БОЗОМӮЗИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ОҒОЗ ГАРДИД

Тибқи иҷрои қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №ШГ6/2 Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят оиди баланд бардоштани тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон мунтазам тадбирҳо андешида истодааст. Дар ин самт Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолияти густурда дорад.

Бо ташаббуси раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон Раҷабов Умедҷон Саидшоҳонович 15 нафар аз ҳисоби раисони озод ва раисони иттифоқи касабаи зертобеъи кумитаи мазкур ба курси бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ дар толори осоишгоҳи “Баҳористон” оғоз гардид.

Дар оғоз раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон меҳмононро хайрамақдам гуфт ва нуктаи назари худро нисбати курси бозомӯзӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки тибқи иҷрои дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 24 октябри соли 2019  баён намуда буданд, ҷиҳати бозомузӣ, баланд бардоштани донишу малака ва такмили ихтисоси масъулони бехатарии меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо ва кормандони иттифоқҳои касаба дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ” таъсис дода шудааст. Ҳамчунин ба шунавандагон оиди самтҳои фаъолияти марказ, истифодаи усулҳои муосири таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани усулҳои муосири фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар шароити имрӯза сухан ронд. Дар охир ба шунавандагон бурдборӣ таманно кард.

Сипас Раҷабов Умедҷон Саидшоҳонович низ баромад намуда фикру ақидаи худро баён намуд.

Тибқи нақшаи таълимӣ машғулиятҳо давоми 7 рӯз баргузор мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *