Баргузории Пленуми кумитаҳои вилоятӣ

Санаи 6 -уми майи соли ҷорӣ Пленуми навбатии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноат, рушди маҳаллӣ, хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии вилоят баргузор гардид, ки дар он 3 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар кори он муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нуъмон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси кумита Олимҷон Қобилов  дар семоҳаи аввали соли 2022 шунида шуда, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аз тарафи кумитаи соҳавӣ 4 нафар вакил ба Конференсияи 19 уми ҳисоботи – интихоботии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят пешбарӣ гардид.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Пленуми кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баргузор гардид.

Нахуст раиси кумита Фотимахон Қодирова  масъалаҳои рӯзномаро ба самъи аъзои Раёсат расонида, аз фаъолияти кумита барои семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рафти бастани шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят дида баромада шуда, ҳамзамон риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Ф.Қодирова ба раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ дастур дод, то камбудиҳое, ки дар рафти санҷиш ошкор гардиданд, бояд сари вақт бартараф карда шаванд. Инчунин таъкид намуд, ки барои солимгардонии кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои 1,5 фоизаи суғуртаи иҷтимоии ташкилоту идораҳо, ҳамчунин аз ҳисоби сарпарастон ва волидайн истифода бурда, бештар барои ташкили истироҳати кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони болаёқат аҳамияти махсус дода шавад.

Ҳамчунин аз тарафи кумитаи соҳавӣ ба Конференсияи 19 – уми ҳисоботӣ – интихоботии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят 6 нафар вакил пешбарӣ гардида аз рӯи масъалаҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир якчанд нафар кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, хизмати шоёну арзанда дар пешбурди соҳа бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *