Баргузории семинари дастурдиҳӣ

Дирӯз бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи хурди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд семинар-тренинг дар мавзӯи “Баланд бардоштани сатҳи дониши нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнат тавассути омӯзиш дар заминаи меъёрии мавҷуда ва аз нав қабулшуда дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ” баргузор гардид.

Дар семинар раисони иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ, нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнат ва мутахассисони соҳаи гуногун иштирок доштанд.

Дар оғоз семинарро муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ оғоз карда Барномаи семинарро шинос намуд.

Сипас мутахассисон (тренинг) Юнусов Ҷамшед-мудири шуъбаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Бузуруков Иномхоҷа-мудири шуъбаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Тӯраев Баҳоваддин-сарнозири Шӯро оид ба масъалаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба бехатарии меҳнат дар ҷои кор, омӯзишҳои муқаддимавӣ, ташкили Хадамоти ҳифзи меҳнат ё таъсиси вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат, дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандон ва ғайраҳо баромад намуданд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *