Парчам-рамзи миллату давлат

Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилоят дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бахшида ба Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Дар кори он раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилоят Иномхўҷа Бузуруков, директори  ДИС  ДДТТ, дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, собиқадорон, устодону донишҷӯён  иштирок намуданд.

Нахуст Бахтиёр Ҳамроев раиси кумитаи иттифоқи касабаи Донишкада чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, қайд намуд, ки Парчами миллӣ чун рамзи давлатдорӣ дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо, таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Сипас Иномхўҷа Бузуруков иштирокдоронро аз номи аиси Шўро Шарифулло Абдуллозода бо Рўзи Парчами давлатӣ  табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки  таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарин руйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Дар охир чанд нафар кормандони фаъол ва собиқадорони Донишкада  барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, хизмати шоёну арзанда бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилоят сарфароз гардонида шуданд..

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *