Вохӯрии вакил

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ баргузор гардид.

Гулбаҳор Назирӣ сараввал оиди фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 маълумот дода оиди карору Қонунҳои дар ин давра қабул гардида маълумот дод.

Сипас оиди сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ суханронӣ кард. Аз ҷумла қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар тадбирҳои зиёде андешида шуд.  Дар якчанд соли оҳир шумораи зиёди нерӯгоҳҳои барқӣ сохта ба истифода дода шуд. Ба фаъолият оғоз намудани НОБ-и Роғун барои расидан ба ин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошт ва тамоми минтақаҳои кишварамон бе маҳдудият бо қувваи барқ таъмин гаштанд.

Қайд гардид, ки зимистони имсола як қатор душвориҳоро ба миён овард, ки дар натиҷаи он захирашавии об дар обанборҳи нерӯгоҳҳои кишварамон хеле коҳиш ёфтанд.

Талаботи зиёд дар фасли тирамоҳу зимистон водор менамояд, ки ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам аз ҷониби соҳаҳои хоҷагии халқ нерӯи барқ оқилона ва сарфакорона истифода бурда шавад. Дар фасли сармо аз ҳаддӣ нишондод зиёд истифода шудани барқ, трансформаторҳои барқтақсимкунӣ пайваста ба таъмиру таҷдид ниёз пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо – шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб менамояд.

Аз тамоми сокинони вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини мунтазами аҳолӣ бо қувваи барқ сарфакорона истифода бурдани онро ба роҳ монанд ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби ҳар як сокини мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок доштанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *