ПРЕЗИДЕНТИ МО – ПЕШВОИ МО

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи истироҳатгоҳи Шоҳин – и шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Президенти мо – Пешвои мо” ҳамоиш доир гардид.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки “дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ – ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, сохта ба истифода додани неругоҳҳои барқӣ, сохтмони роҳу нақбҳо, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия низ шаҳодати онанд, ки мардуми Тоҷикистон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ дорад”.

Сипас мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва коргузории дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Қурбоналӣ, роҳбари дастгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Аббосова Мухбира ва директори осорхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рустам Юлдошев дар бораи мактаби давлатдорӣ ва хидматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромади пурмуҳтаво намуданд.

Дар охир ба ҳамаи ширкатдорони ҳамоиш ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабинии сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *