Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 10 мая. 2024
32.6°C

Худжанд

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

 Санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар доираи нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияи Мастчоҳ дар толори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раисони иттифоқи касабаи ташкилоту муассисаҳо аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар сардори шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  ноҳияи Мастчоҳ - Хоҷазода  Малика  иштирок  намуд.

Қурбонов Кӯчак - раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияи Мастчоҳ   оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баромад намуд.

Сипас, Бузуруков Иномхоҷа - мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Шӯро оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, корбурд бо дафтарчаҳои меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ маърўза намуда, муҳтавои Муроҷиатномаи Федереатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати 28 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнатро ба самъи иштирокдорон расонид.

Инчунин, Аббосова Мухбира Ҳамитовна - роҳбари дастгоҳи Шӯро вобаста ба  эълон гардидани “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ” ва баргузории озмунҳои вилоятӣ баромад намуда, дар мавзўи дастурамали коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳо, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ибрози ақида намуд.  

Дар фарҷом байни иштиродорон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва ба Қурбонов Кӯчак – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияи Мастчоҳ Ифтихорномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд тақдим карда шуд.