Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 13 мая. 2024
23.6°C

Худжанд

РАЁСАТИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МОҲИ ИЮЛ

Санаи 12 июли соли равон таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи раёсати Шӯро бо иштироки аъзои раёсат ва мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Шӯро баргузор гардид.

Ҷаласаи раёсат аз рӯи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят масъалаҳои зеринро мавриди муҳокима қарор дод:

  1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019
  2. Дар бораи Қарори Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон №ШГ31/1 аз 12.07.2019 “Дар бораи Пешниҳоди муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2019, таҳти рақами 8/27-1051 сол”
  3. Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2019»
  4. Тасдиқи муқаррароти “Лавҳаи фахрӣ”-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
  5. Дар хотима аз тарафи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми  соли 2019 вазифагузориҳо карда шуд.