Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 17 мая. 2024
18.6°C

Худжанд

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ  ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иброз менамояд, ки бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳамасола 28-апрел ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.

Тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Иттифоқҳои касаба” Оинномаи  Иттифоқҳои касаба назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат бар души иттифоқҳои касаба вогузор карда шудааст.

Дар ин самт дар баробари доштани ҳуқуқ, уҳдадориҳо дар  бахши таъмини ҳифз ва бехатарии меҳнат вазифаи иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва назорати ҷамъиятӣ, ҳифзи меҳнат соли 2023 – “Соли ҳифзи меҳнат” эълон карда шуда буд, ки аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он як қатор  чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳолӣ мусоидат намуданд.

Аз ҷумла, намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ  дар  озмуни минтақавии “Беҳтарин шартномаи коллективӣ” дар бахши ҳифзи меҳнат ширкат намуданд, ки Иттифоқи касабаи НБО «Норак» бо нишон додани малакаи хуби корӣ дар ҷодаи назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз беҳтаринҳо пазируфта шуд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҳамузв, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ муроҷиат менамояд, ки якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар маъракаи сафарбаркунӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташкили он, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҳар як ҷойи корӣ, дар доираи салоҳиятҳои оинномавии худ тадбир андешанд.

Таҳлили фаъолият дар соли 2023 нишон дод, ки нозирони ҳифзи меҳнати Федератсия 23 ҳодисаи нохуши истеҳсолиро ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷа 35 нафар кормандон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва аз онҳо 15 нафарашон фавтиданд. Шумораи кормандоне, ки дар шароити номусоид машғули кор мебошанд, дар соли гузашта 1384 нафарро ташкил дод. Рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ назар ба солҳои гузашта ру ба афзоиш дорад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар самти назорат ва ҳифзи меҳнат   вазифаҳои зеринро  паёгирӣ намоем:

- баланд бардоштани малакаи касбӣ ва маърифати ҳуқуқии кормандон ва корфармоён ба риояи ҳифз ва бехатарии меҳнат дар истеҳсолот; 

- ҷалби таваҷҷуҳи тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба проблемаҳои муҳофизати меҳнат, пешгирии ҷароҳати истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ;

- таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурии бехатарии меҳнатӣ-маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ дар раванди истеҳсолот;

- пурзўр намудани корҳои пешгирӣ-профилактикӣ дар самти ҳифзи меҳнат;

- баланд бардоштани масъулияти маъмурияти ташкилоту муассиса, корхонаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи онҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва кори бехатар.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои идомаи  иқдомҳои мушаххас ҷиҳати дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо ба роҳ мондани муҳокимаи васеъи масъалаҳои муҳофизати меҳнат, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ-тарѓиботӣ дар воситаҳои ахбори омма, бахусус рўзномаҳои соҳавии “Ҳамраъйӣ”, “Иттифоқ”, “Кошонаи умед”, “Ҳомии омўзгор”, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, гузаронидани санҷишҳо ва семинарҳои омўзишӣ дар корхонаҳо таҳти шиори «Рўзи бехатарии меҳнат» даъват менамояд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон умед ба он дорад, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот таҳким ва тақвият ёфта, барои меҳнати солим ва бехатарии кормандон мусоидат менамояд.

             

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон