Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 18 мая. 2024
18.6°C

Худжанд

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

Санаҳои 1- 2 майи соли 2024 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ”, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти равандҳои номатлуби ҷоҳони муосир, тарғибу ташвиқи аънана, суннат ва фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа  дар деҳаҳои Логин, Хайрободи ноҳияи Зафаробод ва дар маҳаллаҳои Суғдиён, Мирзо Турсунзода ва Бӯстони шаҳраки Зафаробод бо аҳолӣ мулоқотҳо доир карда шуданд.

Дар мулоқотҳо  Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон оид ба ин масъалаҳо ибрози ақида намуд.

Дар охир, ба саволҳо ва талабу дархостҳои иштирокчиёни мулоқот посухҳо дода шуд. Чунин мулоқоту сӯҳбатҳои судманд минбаъд низ давом хоҳад ёфт.